Ситораи филми «Рисолати иҷронашаванда» Том Круз тафсилоти кастингро барои драмаи коргардон Стэнли Кубрик таҳти унвони "Бо чашми пӯшида" ошкор кард.
Ба гуфтаи Круз, ӯ қабл аз наворбардорӣ шахсан аз Кубрик хоҳиш кардааст, ки ҳамсараш Николь Кидманро барои нақши асосӣ тасдиқ кунад.
"Ман ба хонаи Кубрик рафтам. Як рӯз пеш сенарияро хондам ва мо рӯзро бо муҳокимаи он сарф кардам. Ман ҳамаи филмҳои ӯро медонистам. Маҳз ҳамин вақт мо бо ҳам шинос шудем. Ва вақте ки мо ин корро кардем, ман Никольро барои нақши Алис пешниҳод кардам. Зеро, ки баръало ӯ ҳунарпешаи олӣ аст," зикр дошт Том Круз. Сужаи филми «Бо чашми пӯшида» саргузашти доктор Брюс Хартфорд ва ҳамсараш Элисро нақл мекунад.