Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди коргоҳи дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузоштанд

    2025-05-16
    46

    16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар деҳоти Корез барои бунёди коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва панелҳои алюминии ҶДММ «Куруши Кабир Индастри» санги асос гузошта, бо лоиҳаи бунёди ин коргоҳи саноатӣ шинос шуданд.

    Тавре иттилоъ дода шуд, иқтидори истеҳсолии коргоҳ, ки бо ду хатти истеҳсолӣ дар масоҳати 12 000 метри мураббаъ сохта мешавад, дар як сол 180 000 дару тиреза ва панелҳои алюминиро дар бар хоҳад гирифт.

    Ба иттилои масъулин, дар самти амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат, татбиқи марҳила ба марҳилаи саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Данғара рӯз то рӯз бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба роҳ монда мешавад. Иқдоми мазкур низ дар ҳамин замина рӯи даст гирифта шудааст.

    Дар коргоҳи «Куруши Кабир Индастри», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Олимӣ Тоҳир бунёд карда мешавад, дар оянда имкон аст, ки 120 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гарданд.

    Тибқи нақша оғози фаъолияти истеҳсолии коргоҳи мазкур сентябри соли 2026 пешбинӣ шуда, маҳсулоти он ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод карда хоҳад шуд.

    Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми соҳибкорони ватаниро ибратбахш номида, ба онҳо арзи сипос намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ