Ситораҳои синамои ҷаҳонӣ аз Квентин Тарантино ва Ҷулия Гарнер то Ева Лонгория ва Ҷулетт Бинош дар роҳрави сурхи театри Люмиери Канни Фаронса дурахшиданд. Синамоҷашнвораи байналмилалии 78-умин Канн ба кори худ шурӯъ кард.
Ҳамасола маъруфтарин ҳунарпешагон, коргардонҳо, сенариянависон ва намояндагони ҷаҳони синамо барои ширкат дар бонуфузтарин чорабиниҳои санъати кино ба шаҳри Канн дар ҷанубу шарқи Фаронса меоянд.
Дар доираи ҷашнвора чандин лоиҳаҳои бузург аз ҷумла филми Том Круз “Рисоати иҷронашаванда: Ҳисоби ниҳоӣ, Спайк Ли “Аз ҳама баландтарин ва пасттарин” ва филми Ари Астер бо номи “Эддингтон”-ро намоиш медиҳад.
Дар синамоҷашнвора ситораҳои Ҳолливуд Роберт Де Ниро, Квентин Тарантино, Ҷулетт Бинош, Ҷулия Гарнер, Ева Лонгория, Хайди Клум, Ирина Шейк, Белла Ҳадид ва дигарон ҳузур доранд.
Дар фестивал Леонардо Ди Каприо зери кафкӯбиҳои пурмаҳсули театри Люмьер ба Роберт Де Ниро ҷоизаи фахрии "Нахли тиллоӣ"-ро тақдим кард.
Леонардо Ди Каприо ва Роберт Де Ниро бори аввал дар филми Майкл Кэтон Ҷонс бо номи “Ҳаёти ин писарба” дар соли 1993 якҷоя кор кардаанд. Пас аз чанд сол, соли 1996, онҳо дар филми “Ҳуҷраи Марвин”-и коргардон Ҷерри Закс нақш бозиданд.
Ҳайати ҳакамоне, ки барандаи ҷоизаи "Нахли тиллои"-ро муайян мекунад, Ҷулетт Бинош мебошад.
Барои дарёфти ҷоизаи асосӣ дар кинофестивали Канн 22 филм рақобат доранд. «Нақшаи финикӣ»-и коргардонУэс Андерсон «Мавҷи нав»-и Ричард Линклейтер, «Мемирад ишқи ман»-и Лин Рэмзи «Арзиши эҳсосии ман»-и Йоаким Триер, «Мастермин»-и Келли Райхардт, «Таърихи садо»-и Оливер Херманус, “Алфаи”-и Ҷулия Дюкурно ва “Ҳодисаи одӣ”-и Ҷафар Панах аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. Ҳайати ғолибони ҷашнвораи 78-уми Кан 24 май эълон мешавад.