Даромади филми комикси Marvel “Раъду барқ” ва “Гунаҳкорон”-и Ворнер Бразерс аз ҳисоби даромадашон дар кинотолорҳо аз 300 миллион доллари амрикоӣ гузашт.
Филдми "Раъду барқ" моҳи май намоиш дода шуда, дар дохили кишвар 155 миллион доллар ва дар сатҳи байналмилалӣ 170 миллион доллар ба даст овард. Дар филм Флоренс Пью, Себастьян Стэн, Дэвид Харбор ва дигарон нақш бозидаанд. Сужаи филм аз дар бораи як гурӯҳи нозирон дар рисолати хатарнок қисса мекунад. Филмро Ҷейк Шрайер коргардон кардааст.
Филми "Гуноҳкорон"-и Райан Куглер моҳи апрел ба экран баромад ва дар Амрикои Шимолӣ 240 миллион доллар ва дар саросари ҷаҳон 73 миллион доллар ба даст овард. Нақши асосиро дар ин филм Майкл Бакари Ҷордан бозидааст.