Студияи Millenium Media филми пешазинтихоботиро дар бораи Ҷон Рэмбо, қаҳрамони асосии филми муҳорибавии “Рэмбо: Хуни аввалин” бо Силвестр Сталлоне омода мекунад.
Сюжет аз дар бораияк Рэмбои ҷавон дар замони ҷанги Ветнам қисса мекунад. Коргардон Ялмари Хеландер хоҳад буд. Сценаряи филмро муаллифони филми “Одами сиёҳ” Рори Хэйнс ва Сӯҳроб Ноширвонӣ навиштаанд.
Истеҳсолкунандагон нақша доранд, ки тирамоҳи ҳамин сол ба наворбардорӣ дар Таиланд шурӯъ кунанд. Сталлоне, ба навиштаи расонаҳо, аз ин тарҳ огоҳ аст, аммо дар он ширкат намекунад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Рембо” соли 1982 оғоз шуда, аз панҷ филм ибоарт мебошад. Охирин филм дар соли 2019 истеҳсол шуда буд ва аз ҷониби мунаққидон таҳқир карда шуд. Даромади умумии намоиши ин силсила беш аз 850 миллион долларро ташкил медиҳад.