Ба Ҳунарманди шинохта Дензел Вашингтон дар 78 – умин синамоҷашнвораи байналмилалии Канн ҷоизаи фахрии "Нахли тиллоӣ" тақдим карда шуд. Маросими ҷоизасупорӣ дар нахустнамоиши филми “Биҳишт ва дузах” – и коргардон Спайк Ли, ки дар бахши ғайриозмунии ҷашнвора намоиш дода шуд, баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии Кан чанд руз аст, ки дар шаҳри Канни Фаронса идома дошта, ғолибон асосӣ санаи 24-уми май муаян карда мешаванд.
Дензер Вошингтон дар ин филм нақши раҳбари як ширкати мусиқавиро мебозад, ки бо мушкилот рӯбарӯ аст.
Ҷоиза барои Вашингтон ғайричашмдошт буд. Аз рӯи анъана, тақдими ҷоизаи фахрии «Нахл тиллоӣ» пешакӣ эълон мешавад, аммо ин маротиба ҷашнвора аз ин иқдом хабар надод.
Филми Спайк Ли бозсозии филми ҳунарии Акира Куросава таҳти унвони "Биҳишт ва дӯзах" мебошад. Дар филм инчунин Ҷеффри Райт, Дин Уинтерс ва дигарон нақш бозидаанд.