. Ҳунарпеша Николь Кидман дар синамобазми байналмилалии Канн бо ҷоиза қадрдонӣ карда шуд. Маросими тақдими ин ҷоиза ҳамасола дар ҷашнвораи Канн ба занони синамогар барои саҳми хосаашон дар рушди синамо тақдим мешавад. Имсол ин ҷоиза 10-солагии худро ҷашн гирифт.
Тавре ҳунарпеша зикр дошт, "Ба мо бовар кунед, зеро овози мо муҳим аст. Мо на танҳо барои тағир додани ҷаҳон кӯмак хоҳем кард, балки ба шумо имкон медиҳем, ки ба дилу ҷони худ назар андозед ва дарк кунед, ки зан будан чӣ маъно дорад. Никол Кидман барандаи ҷоизаҳои Оскар, Глобуси тиллоӣ, Эмми ва ҳамчунин ҷоизаҳои ҷашнвораҳои синамои Берлин ва Венетсия мебошад.
Номбурда дар филмҳои "Бо чашмҳои пӯшида", "Мулен Руж", "Соатҳо", "Догвилл", "Духтари бад", силсилафилми телевизионии "Дурӯғҳои калон", "Нӯҳ бегонаи комил" ва дигар лоиҳаҳо нақш бозидааст.