Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд

    2025-05-28
    12

    28 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

    Дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

    Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зоҳир гардид.

    Роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва танзими боздиди олимону ҳунармандон зарур шумурда шуд.

    Ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни парлумонҳои ду кишвар низ муҳим дониста шуд.

    Дар рафти суҳбат ҷонибҳо аз сатҳи хуби ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ изҳори қаноат карда, таъкид доштанд, ки минбаъд низ ташаббусҳои ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ