Миа Триплтон, духтари ҳунарпешаи шинохта Кейт Уинслет дар роҳрави сурхи 78-умин Синамоҷашнвораи байналмилалии Канн зоҳир шуд. Ҳунарманди 25 – сола ба ҷашнвора бо филми “Нақшаи финики”-и коргардон Уэс Андерсон омад.
Синамоҷашнвораи байналмилалии Кан давоми санаи 24-уми май ба анҷом мерасад ва ғолибон муаян шуда, бо ҷоизаи Нахли тиллоӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Миа дар ин чорабинӣ дар либоси зебои сабзи Оскар де ла Рента зоҳир шуд. Чунон ки маълум мешавад барои Миа, ин нақш аз аввалин нақшаш дар синамо хело дур аст. Ӯ бори аввал соли 2014 дар филми "Романтикаи Версал", ки дар он ҷо бо модараш нақш бозӣ карда буд, аввалин қадамҳои худро ба синамо гузошт.
Дар филми “Нақшаи Финикӣ” шарикони дигар ҳунармандон Бенисио дел Торо, Бенедикт Камбербэтч, Том Хэнкс, Майкл Сера, Брайан Крэнстон ва дигарон нақш офаридааанд.