Ширкати NEON ролики дебютии филми "Альфа"-ро муаррифӣ кард. Лоиҳаи нави коргардони фаронсавӣ Ҷулия Дюкурно дар озмуни асосии Синамоҷашнвораи Канн намоиш дода шуд.
Сюжети филми "Алфа" дар бораи воқеаҳои охири солҳои 1980 сурат мегирад. Ҳаёти як мактабхони 13-сола ва атрофиёнаш пас аз пайдо шудани як василаи пурасрор дар дасташ ба куллӣ тағйир меёбад.
Дар филм Голшифте Фарахани, Тахар Рахим, Эмма Маки ва дигарон нақш бозидаанд. Намоиши филми "Альфа" дар кинотеатрҳо моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.
Китоби нави нависанда ва филмноманавис Абдурофеъ Рабизода таҳти унвони “Занҳо ва бригадаи якдаста” ба табъ расид. Ин китоби воқеаҳои мудҳиши солҳои ҷанги дуюми ҷаҳониро дар бар мегирад. Ҳамчунин китоби мазкур зиндагие, ки ранҷу ситамаш авҷ гирифтааст ва одамгарӣ то рафт камтар мегардад муаллиф онро ба риштаи тасвир кашидааст, ки барои доираи алоқамандони хонандагон пешбиниӣ шудааст.
Муаллиф воқеаҳои гузашро дар китоб тавре ба тасвир кашидааст, ки бисёр ҷолибу шавқовар буда, дустдорони каломи бадеъро баҳри хондани он водор месозад.
Бояд гуфт, ки эҷодиёти нависандаи тоҷик бо ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ қадрдонӣ гардидааст. Барои шӯҳрат бахшидани адабиёту санъати тоҷик дар арсаҳои байналхалқӣ нависанда ва кинодраматург Шераки Ориён бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.
Абдурофеъ Рабизода узви Конфедератсияи синамогарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик буда, муаллифи 42 филми бадеӣ ва санадию фалсафӣ мебошад. Эҷодиёти ў ҳафт ҷоизаи байналхалқиро сазовор гардидааст. Филмҳои вай амсоли «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр», «Насл» ва ғайра маъруфу машҳур шудаанд.