Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 149 бинои баландошёна сохта мешавад

    35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бахшида ба ин ҷашн дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 149 бинои баландошёна сохта мешавад

    2023-02-16
    307


    Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сохтмони 149 бинои баландошёна дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Билол Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод.

    Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои корҳои бунёдкорӣ бахшида ба ин ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои давраи солҳои 2022-2026 таъмири намои 176 бинову иншоот ва навсозии 87 нуқтаи партовпартоӣ, сохтмон ва навсозии 12 км роҳҳои мошингард пешбинӣ гардидааст. Муҳлати оғозу анҷоми сохта, ба истифода додани онҳо бо соҳибкорон мувофиқа карда шудааст.

    Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузоришаванда барои сохтмони асосӣ 994,3 миллион сомонӣ маблағ сарф шуда, то ин муддат 632,3 миллион сомонӣ ба фондҳои асосӣ барои истифода дода шудааст.

    ДУШАНБЕ, 15.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/02/35-solagii-isti-loli-davlat-bahshida-ba-in-ashn-dar-no-iyai-sho-mansuri-sha-ri-dushanbe-149-binoi-balandoshyona-sohta-meshavad/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ