Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатиро мавриди истифода қарор доданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатиро мавриди истифода қарор доданд

    2025-06-25
    13

    25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

    Парки саноатӣ дар масоҳати умумии 788 метри мураббаъ доман густурда, дар маҷмуъ 6 корхонаи хурди истеҳсолиро дар бар мегирад, ки фаъолияти онҳо ба истеҳсоли макарон, бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ, коркарди равғани чормағз, коркард ва бандубасти меваи хушк, истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ равона шудааст.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сехи истеҳсоли макарон ва бандубасти маҳсулоти лубиёгӣ дидан карда, бо ҷараёни кор дар ин хати истеҳсолӣ шинос шуданд.

    Коргоҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар рӯи даст гирифта шуда, дар он техникаю технологияҳои насли нав васлу насб гардидааст. Таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ буда, неруи барқро кам истифода мекунанд.

    Дар коргоҳи коркарди равғани чормағз ва меваи хушк низ истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз усулҳои муосир роҳандозӣ шуда, дар он 6 нафар бо кор таъмин гардидаанд. Коргарон пеш аз оғози фаъолият аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд.

    Сехҳои истеҳсоли собун ва дару тирезаҳои пластикӣ, қисми дигари Парки саноатиро ташкил медиҳад, ки дар он мутахассисони касбӣ ба кор ҷалб шудаанд.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид, аз корҳои сомонёфта ва ташкили чунин корхонаҳо изҳори қаноат карда, ба масъулин барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

    Баробари ба фаъолият пардохтани Парки саноатӣ дар маҷмуъ 36 сокини маҳалӣ бо кор таъмин мешаванд.

    Қобил ба зикр аст, ки ноҳияи Ванҷ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз минтақаҳои аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавқеи назаррас дорад. Ашёи хоми дар корхонаҳои Парки саноатӣ мавриди коркард қароргирифта, аз хоҷагиҳои деҳқонии маҳаллӣ дастрас карда мешаванд.

    Дар назар аст, ки дар баробари таъмини бозори дохилӣ ҳамчунин маҳсулоти Парки саноатӣ ба хориҷа низ содирот карда шавад.

    Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои ҳамоҳангӣ дар татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуда, ин амалро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

    Дар навбати худ, масъулини Парки саноатӣ ба Сарвари давлат барои дастгирии бахши хусусӣ ва таъмини имконоти хуби фаъолият миннатдорӣ намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ