Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    ««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе оид ба моҳияти озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамоиш доир карда шуд

    ««ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ». Дар Душанбе оид ба моҳияти озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамоиш доир карда шуд

    2023-02-20
    392

    Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву ифтихори ватандории наврасону ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Аҳамият ва моҳияти озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҳамоиши илмӣ — назариявӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.

    Зимни он таъкид карда шуд, ки ҷавононро мебояд китоби мондагори «Тоҷикон»-ро, ки сарчашмаи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад, омӯхта, дар пайравӣ аз ниёгони шарафманди хеш баҳри рушди ин Ватан ва миллат талош намоянд. Китоби мазкур саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ буда, хонандаро дар рӯҳияи ягонагӣ ва талош баҳри рушди ҷомеа тарбия месозад.

    Тазаккур дода шуд, ки маҳз тавассути омӯзиши ин шоҳасар насли имрӯза аз воқеияти таърихи ниёгони хеш ба таври хеле барҷаста огаҳ мегардад.

    Иштирокдорон омӯзиши таърихро яке аз василаҳои асосии ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки ин китоби таърихӣ тамоми марҳилаҳои сипаришудаи ниёгони халқро мавриди инъикос карор дода, барои насли имрӯз дарси ибрат мегардад. Зеро он инъикосгари ҳаёт ва фаъолияти чеҳраҳои мондагори миллат аст.

    Дар қисмати хотимаи ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиён Сипоснома тақдим гардид.

    ДУШАНБЕ, 20.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/02/to-ikon-oinai-tarihi-millat-dar-dushanbe-oid-ba-mo-iyati-ozmuni-um-uriyav-amoish-doir-karda-shud/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ