Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд

    2025-06-28
    9

    28 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мулоқот бо фаъолони вилоят ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

    Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ, мисли лаҳзаҳои истиқболи эшон, бо шукӯҳу шаҳомат ва эҳсоси баланди сипосгузории мардуми Бадахшон доир гардид. Сокинони вилоят бо садоқат ва муҳаббати самимӣ ба Роҳбари давлат, меҳмони олимақомро дар фазои пур аз эҳтиром ва шодиву нишот гусел карданд.

    Аҳли фарҳанги вилоят бо ҷалби ҳунармандону сокинон барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзур намуда, сурудҳо дар васфи Ватан, Пешвои миллат ва муҳаббати мардумро бо эҳсоси баланд иҷро карданд. Лаҳзаҳои гусел воқеан ба як саҳнаи эҳсоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба сиёсати хирадмандонаву инсондӯстонаи Пешвои хирадманд табдил ёфт.

    Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 25 то 28 июн дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ сурат гирифт, ба ифтихори таҷлили ҷашни умумимиллии 28-солагии Ваҳдати миллӣ доир гардид.

    Дар ҷараёни ин сафари пурбаракат Пешвои миллат як силсила иншооти таъйиноти гуногунро мавриди истифода қарор дода, ба сохтмони як зумра иншооти нав санги асос гузоштанд, ки ҳамаи он самараи сиёсати созанда ва ғамхории бевоситаи Сарвари давлат нисбати мардуми сарбаланди Бадахшон мебошад.

    Яке аз ҳадафҳои муҳими сафари Пешвои миллат, мулоқоти рӯ ба рӯ бо мардуми сарбаланди вилоят, шунидани дарду пешниҳоди онҳо ва тарҳрезии нақшаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ВМКБ арзёбӣ мегардад. Зимни ин мулоқотҳо Сарвари давлат сокинони вилоятро бо 28-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ таҳният гуфта, барои вусъати корҳои ободонӣ ва омодагии шоиста ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ карданд.

    Маросими гусели Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ — таҷассуми эҳтиром, арҷгузорӣ ва пайванди ногусастании мардум бо Сарвари давлат аст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ