6 июл дар Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Камелияи тиллоӣ» баргузор шуд. Дар маросими ҷоизасупорӣ филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат»-и коргардони тоҷик Манзаралӣ Шералӣ бо ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ шуд.
Дар синамоҷашнвора намояндагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Дар барномаи озмунии синамоҷашнвора 20 филми рақобатӣ ва дар барномаи ғайриозмунӣ 27 филми ғайрирақобатӣ аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Федератсия Русия ба намоиш гузошта шуд.
Дар барномаи озмунӣ аз Тоҷикистон ду филми ҳунарӣ- «Дар талоши ҳақиқат» ва «Зиндагӣ зебост» ва дар барномаи ғайриозмунӣ бошад, филмҳои ҳунарии -«Охирин сайди сайёд», «Танҳо ту» ва «Роҳ» пешниҳод гардид.
Зимни маросими ҷоизасупорӣ баён шуд, ки ҳадафи асосии синамоҷашнвора таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва муаррифии дастовардҳои синамои давлатҳои аъзо, инчунин истифодаи технологияҳои нав дар соҳаи филмсозӣ мебошад.
«Дар чунин фестивалу синамоҷашнвораҳо давлатҳо на танҳо фарҳангу ҳунари миллии худро муаррифӣ менамоянд, балки имконият пайдо мекунанд, ки заминаҳои ҳамкории нав дар соҳаҳои синамо, телевизион, тарбияи мутахассисони соҳа ва эҷоди филмҳои муштаракро низ ба роҳ монанд»,- иброз гардид дар ҷамъбасти синамоҷашнвора.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 7 июл дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Синамоҷашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Камелияи тиллоӣ» баргузор шуд.
Дар доираи синамоҷашнвора чорабиниҳо фарҳангӣ, техникӣ, намоиши технологияҳои муосири синамоӣ ва ҳамоиши филмҳои коргардонҳои ҷавон доир шуд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»