Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Филми "Дар талоши ҳақиқат" дар синамоҷашнвораи байналмилалии Синамочашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай сазовори ҷоиза гардид.

    Филми "Дар талоши ҳақиқат" дар синамоҷашнвораи байналмилалии Синамочашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай сазовори ҷоиза гардид.

    2025-07-10
    23

    Дар шаҳри Чунсини Ҷумҳурии Мардумии Чин Синамочашнвораи байналмилалии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Камелияи тиллоӣ», ки аз 3 то 7-уми июли соли ҷорӣ идома кард, ба анҷом расид. Дар барномаи озмуни асосӣ Муассисаи давлатии «Точикфилм» ду филми ҳунарӣ, «Дар талоши ҳақиқат» ва «Зиндагӣ зебост» - ро пешниҳод намуд, ки филми «Дар талоши ҳақиқат»-и коргардон Манзарӣ Шералӣ бо ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ гардид.

    Дар барномаи ғайриозмуниии ҷашнвора филмҳои «Охирин сайди сайёд», «Танҳо ту» ва филми «Роҳ» иштирок доштанд. Дар фарҷоми озмун филми ҳунарии «Дар талоши ҳақиқат»-и коргардон Манзаралӣ Шералӣ бо ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамон қадрдонӣ шуд. Ин ҷоиза дараҷаи баланди ҳунарӣ ва саҳми эҷодии синамогарони тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ нишон медиҳад. Ҳамзамон  ҷоизаи мазкур ба тақвияти нуфузи байналмилалии синамои тоҷик ва рушди равобити фарҳангӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

    Ҳузури Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои бонуфуз на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузургест барои муаррифии шоистаи ҳунари асил ва мероси ғании фарҳангии миллатамон.

    Кинофестивали СҲШ минбари муҳими густариши ҳамкории фарҳангӣ, тақвияти робитаҳои касбӣ ва мубодилаи таҷриба миёни синамогарони кишварҳои аъзои ин созмон мебошад.
    Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар солҳои охир пайваста сиёсати пешбурди синамои миллӣ дар арсаи байналмилалиро амалӣ намуда, Тоҷикистонро дар ҷашнвораҳои бонуфузи байналмилалии филмҳои ҳунарӣ ва мустанад сазовор муаррифӣ мекунад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ