Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд

    Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд

    2025-07-12
    6

    12 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматуллоро ифтитоҳ намуданд.

    Иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 5 ҳазору 200 пойафзол мебошад ва дар он пойафзоли кӯдакона, занона ва мардона истеҳсол мегардад.

    Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар доираи иқдомҳои рушди саноат ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Нуруллоев сохта шудааст.

    Маҷмӯи дастгоҳҳои пойафзолдӯзии коргоҳ, аз ҷумла дастгоҳҳои дӯзандагӣ, қолабгирӣ, бурандагӣ ва суфтакунӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб гардидааст. Дар бунёди бинои коргоҳ ва муҷаҳҳазгардонии он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир зиёда аз 3 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

    Дар коргоҳ ду хатти истеҳсолӣ фаъол карда шудааст. Дар қисми асосии он истеҳсоли пойафзол сурат мегирад. Қисмати  бештари ашёи хоми коргоҳ, аз ҷумла чарм ва ришта маҳсулоти ватанӣ аст.

    Корҳои лоиҳакашии Коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва маводи шустушӯӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Лоиҳакаш дар ноҳияи Деваштич аз моҳи марти соли 2025 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуд.

    Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои иқтидори нави саноатӣ, масъулонро вазифадор намуданд, ки коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила дар таъмини некӯаҳволии мардум саҳмгузор бошанд.

    Тибқи маълумот, дар коргоҳ пурра сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Роҳбарият барои омӯзиши кормандон мутахассисонро аз маркази вилоят — шаҳри Хуҷанд даъват намуда, курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монданд.

    Коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ноҳияи Деваштич метавонад дар таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ва ҳамзамон дар самти рушди соҳаи саноат дар деҳот саҳмгузорӣ намояд.

    Хатти дигари истеҳсолии коргоҳи навбунёд маводи шӯстушӯӣ мебарорад.

    Коргоҳ имкон дорад, ки дар як сол то 500 ҳазор дона собун истеҳсол намояд.

    Раванди истеҳсолотро масъулин аз мутахассисони давлатҳои хориҷӣ омӯхта, ашёи хомро низ дар ҳамин ҷо омода мекунанд.

    Истеҳсоли маводи шӯстушӯӣ бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ сурат мегирад.

    Дар қисми дигари ҳамин бино нонвой бунёд гардида, чанд тан занони маҳаллӣ, ки ҳунари хуби нонпазӣ доранд, соҳиби ҷойи кор шудаанд.

    Дар маҷмуъ дар Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматулло дар ноҳияи Деваштич наздики 40 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сокинони ватандӯст ва ҳимматбаланди ноҳияи Деваштичро шоистаи таҳсин хонда, бунёди ин иншооти соҳаи саноатро омили рушди ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ