Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд

    2025-07-13
    12

    13 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маҷмааи навбунёди меҳмонхонаи панҷошёнаи Кайҳонро бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд.

    Маҷмааи меҳмонхонаи муосири Кайҳон 5-ошёна буда, дар масоҳати 3750 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Меҳмонхонаи мазкур дорои толори муосири маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст ва 90 ҳуҷраи стандартӣ ва барои меҳмонони олимақом буда, дар дар як вақт метавонад то 188 меҳмон қабул намояд.

    Ошёнаи аввали он бо мизу курсӣ ва ҷиҳози зебову роҳатбахш барои истиқболи меҳмонон муҷаҳҳаз мебошад.

    Дар ин ошёна, ҳамчунин, гӯшаи намоишу фурӯши  армуғонҳои миллӣ ва дигар фурушгоҳҳо ҷой дода шудааст, ки зимни сафар меҳмонону сайёҳон аз он дидан намуда, туҳфаҳои хотиравӣ дастрас менамоянд.

    Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Маҷмааи навбунёди Кайҳон бо масъулин ва кормандони фурудгоҳ суҳбат намуда, ба корҳои сохтмонӣ дар иншоот баҳои баланд доданд.

    Акнун баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор додани меҳмонхона зиёда аз 30 сокинони маҳаллӣ ва мутахассисони ватанӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

    Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони Маҷмааи Кайҳон дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 бо ҷалби 200 бинокори ватанӣ оғоз гардида, дар муҳлати муайян моҳи июли соли 2025 бо тарҳи муосиру миллӣ ба анҷом  расидааст.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ