Расонаҳо хабар доданд, ки ҳунарманд Гай Ричи ҳамчун коргардон аз идомаи таҳияи филми «Хона дар лаби роҳ» - даст кашид. Сабабҳои ин тасмим оварда нашудааст. Гуфта мешавад, ки Гай Ричи ба ин лоиҳа аз моҳи марти ҳамин сол ҳамроҳ шуда буд. Дар идомаи филм Ҷейк Ҷилленхол ва Дейв Батиста нақш мебозанд. Филмномаро Уилл Бел навиштааст.
«Хона дар лаби роҳ» бозсозии филмист, ки ибо ҳамин ном бори аввал соли 1989 руйи экрани синамо омада буд.
Ҳамзамон бо ҳамин ном соли 2024 дар таҳияи коргардон Даг Лайман идомаи лоиҳа таҳяи шуд. Намоиши филм моҳи марти соли 2024 сурат гирифт ва он яке аз муваффақтарин намоишҳои ширкати «Амазон» гардид. Филмро бештар аз 50 миллион нафар тамошо кардаанд. Инчунин Корагдон Гай Ричи дар Apple TV+ филми «Чашмаи ҷавониро» таҳия намудааст. Номбурда ҳамзамон дар таҳияи идомаи филми "Ҷанобҳо ва Гангстерланд" кор мекунад.