Ширкати филмофарии «Sony Pictures» ролики таблиғотии филми “Моҳи кабуд” – и Ричард Линклейтерро дар сомонаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ кард. Дар филм Итан Хоук, Маргарет Куолли, Бобби Каннавал ва Эндрю Скотт нақш бозидаанд. Сужаи филм дар бориа зиндагии сарояндаи машҳур Лоренс Харт, офаранандаи сурудҳои "Валентини ман" ва "Моҳи кабуд" қисса мекунад.
Мавзӯи филм дар соли 1943 сурат мегирад. Лоренс Харт, ки аз майзадагӣ ранҷ мебурд, дар охири ҳаёташ бо композитор Роберт Роҷерс во хурда, якҷоя чандин сурудҳо эҷод мекунанд, ки миёни мардум маҳбубият пайдо мекунанд.
Филми “Моҳи кабуд” имсол нахустнамоиши ҷаҳонии худро дар Синамоҷашнвораи байналмилалии "Берлин" баргузор карда буд, ки дар он Эндою Скотт ҷоизаи Хирси нуқрагинро барои беҳтарин бозигари дуюмдараҷа сазовор гардид. Филми мазкур рӯзи 17 октябр дар дигар мамлакатҳо ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамзамон коргардон Ричард Линклейтер имсол филми сиёҳу сафеди “Мавҷи нав” - ро низ руйи экран мебарорад.