Дар шаҳри Лос – Анҷелес наворбардории филми “Замоне дар Ҳолливуд” зери номи "Саргузаштҳои идомаи Клифф Бут" оғоз гардид. Дар филм нақши асосиро Брэд Питт иҷро мекунад ва Дэвид Финчер коргардони лоиҳа мебошад. Ёдовар мешавем, ки идомаи таҳияи ин лоиҳа бори аввал моҳи апрели соли ҷорӣ эълон шуда буд. Сужаи филм дар бораи саргузаштҳои каскадёр Клифф Бут қисса мекунад. Филмро студияи Netflix истеҳсол менамояд. Санаи дақиқиқи намоиш маълум нест. Ба ҳайати ҳунарманд Элизабет Дебички, Карла Гугино, Скотт Каан ва дигарон шомиланд. Сенаряи филмро Квентин Тарантино навиштааст. Филми “Замоне дар Ҳоллиуд” бори аввад соли 2019 ба намоиш баромад ва дар хазинаҳои кинонамоишдиҳӣ 392 миллион доллар ва ба Бред Питт барои нақши дуюмаш ҷоизаи Оскар овард.