Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд

    2025-08-15
    15

    15 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон»-ро ифтитоҳ намуданд.

    Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 820 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он 54 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд.

    Бинои таълимӣ дорои 38 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 500 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълимӣ ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд.

    Барои фароҳам овардани шароити муосир, синфхонаҳо бо компютерҳои навтарин ва таҷҳизоти интерактивӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, системаи гармидиҳӣ, равшанидиҳии каммасраф ва дастрасӣ ба шабакаи интернети босуръат шароити мувофиқро барои омӯзиш фароҳам меоранд.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба дуруст ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия таъкид намуданд, ки маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст ва сармоягузорӣ ба он — сармоягузорӣ ба ояндаи кишвар мебошад.

    Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки раванди таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ҷараён мегирад ва он бо системаи “стим эдюкейшн” (Steam education), ки яке аз пурнуфузтарин низоми омӯзиш дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад, роҳандозӣ гардидааст.

    Ҳамчунин ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо, ба муассиса омӯзгорони ҷавону ботаҷриба аз дохил ва хориҷи кишвар ҷалб гардидаанд.

    Ифтитоҳи ин муассиса як қадами устувор дар роҳи татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2040 мебошад ва ба тақвияти неруи зеҳнии насли наврас, боло бурдани сатҳи саводнокӣ ва тавсеаи имкониятҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.

    Дар муассиса, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди зист ва таълим, ҳамзамон хобгоҳ барои 280 нафар омода шудааст.

    Бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба таълимоти босифат, дар ояндаи наздик нақша гирифта шудааст, ки имконияти қабул то 1500 хонанда расонида шавад.

    Сарвари давлат ифтитоҳи чунин муассисаи замонавиро намунаи возеҳи шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маориф арзёбӣ намуда, ба соҳибкори ватандӯсту баландҳиммат Наврӯз Юнусов барои ин иқдоми наҷиб изҳори ташаккур намуданд ва ба омӯзгорон барои тарбияи насли соҳибмаърифат ва доною тавоно дастуру тавсияҳо доданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ