Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «АНДАЛЕБ-2025». Ҳунармандони Ҳисор дар даври минтақавии фестивал-озмун соҳиби холи баланд гардиданд

    «АНДАЛЕБ-2025». Ҳунармандони Ҳисор дар даври минтақавии фестивал-озмун соҳиби холи баланд гардиданд

    2025-08-20
    13

    Ҳунармандону ҳаваскорони санъати шаҳри Ҳисор дар даври минтақавии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» дар байни ҳунармандони навоҳии тобеи марказ холи баландтаринро соҳиб гардиданд.

    Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки даври минтақавии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

    Ҳунармандону ҳаваскорони санъати шаҳри Ҳисор, ки 12 ҷамоати шаҳраку деҳот, муассисаю корхонаҳои шаҳрро намояндагӣ мекарданд, аз рӯи 12 номинатсия баромад карданд. Ҳакамон ба ҳунари санъаткорон холисона баҳо дода, дар ҷамъбаст ба онҳо 111,3 холро лоиқ донистанд.

    Тавре дар ҷамъбасти озмун иброз гардид, ин рақам байни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ балантарин холе буд, ки ҳунармандони шаҳри Ҳисор сазовори он дониста шуданд.

    Дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2025» дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор намоиши ҳунарҳои мардумӣ, расму мусаввара ва маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

    АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ