Шабаккаи телевизионии HBO номи ҳунармандони нақшҳои аъзои оилаи Уизлиро дар силсилафилми нави "Гарри Поттер" эълон кард.
Ба ғайр аз Аластэр Стоут дар лоиҳа инчунин Тристан ва Габриэл Харланд, Руари Спунер ва Грейси Кокрайн нақш мебозанд. Нацши модари кӯдакон хонум Молли Уизлиро ҳунарпеша Кэтрин Паркинсон мебозад. Ҳунармандон барои иҷрои нақшҳои падари Артур ва бародари Чарли баъдтар эълон хоҳанд шуд.
Дар филмҳои қаблии лоиҳаи мазкур, ки онро студия Warner Bros истеҳсол намудааст, бародарони Уизлиро Руперт Гринт, Ҷеймс ва Оливер Фелпс, Бонни Райт ва дигарон бозӣ кардаанд. Мавсими аввали филми нави "Гарри Поттер" аз рӯи достони "Санги илмшиносӣ" таҳия шуда, соли 2027 ба намоиш гузошта мешавад. Ҳоло наворбардорӣ дар Британияи Кабир ҷараён дорад.