Омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №124-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муродулло Носиров дар даври дуюми Олимпиадаи байналмилалии Фаронса сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода хабар дод.
Олимпиадаи мазкур 18 феврал дар Донишгоҳи байналмилалии Марсели Фаронса аз фанҳои математика, физика ва химия бо иштироки 112 нафар омӯзгорони беҳтарини Русия, Фаронса, Полша, Ветнам, Юнон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баргузор карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муродулло Носиров дар Олимпиадаи байналмилалии Авруосиё, ки моҳи январи соли 2023 тариқи маҷозӣ (онлайн) аз фанҳои физика, математика ва химия доир гардида буд, сазовори ҷойи сеюм, диплом ва мукофоти пулӣ гардида буд. Дар он 1328 нафар омӯзгорони Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Туркия, Русия, Қазоқистон ва Афғонистон иштирок доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худро беҳбуд бахшидани соҳаи маорифи миллӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил, ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ва истифодаи стандартҳои байналмилалии таълим эълон кардааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ аз 31 январи соли 2020 солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф» эълон карданд.
Ҳамин аст, ки омӯзгорону хонандагони муассисаҳои мамлакат пайваста ба омӯзиши илмҳои дақиқ рӯ оварда, дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ натиҷаҳои хуб нишон дода истодаанд.
Танҳо соли 2022 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 1585 медал шуданд. Аз ҷумла, хонандагони мамлакат 259 медали тилло, 593 медали нуқра ва 733 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
ДУШАНБЕ, 22.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. https://khovar.tj/2023/02/muborak-boshad-om-zgori-sha-ri-dushanbe-dar-olimpiadai-faronsa-sazovori-oji-avval-gardid/