Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «БОНУВОНИ ШУҶОИ ВАТАН». Таҳти ин унвон бо иштироки занону духтарони низомии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

    «БОНУВОНИ ШУҶОИ ВАТАН». Таҳти ин унвон бо иштироки занону духтарони низомии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид

    2023-02-22
    105

       Имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Бонувони шуҷои Ватан» бо иштироки занону бонувони низомии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамоиш баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

    Дар ҳамоиш аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии мавқеи иҷтимоии занону бонувон ёдоварӣ карда шуд.

    Тазаккур дода шуд, ки давлату ҳукумат муносибатҳоро оид ба таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба танзим дароварда, имрӯз занону бонувон ҳамчун неруи пешбаранда дар танзими сулҳу суботи ҷомеа нақши арзанда доранд.

    Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз давраи соҳибистиқлолӣ ба неруи занону духтарон ҳамчун қишри асосии ҷомеа такя намуда, ҷалби онҳоро ба фаъолият дар ташкилот ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла таъйин ба мансабҳои роҳбарикунанда дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлатӣ қарор додаанд.

                                  

    Маҳз ҳамин дастгириҳои бевоситаи давлату Ҳукумат аст, ки сол то сол теъдоди занону бонувон дар сохторҳои қудратӣ зиёд гардида, дар айни замон дар Суди Олӣ 249 нафар, Суди конститутсионӣ 9 нафар ба ҳайси судя ва ёрдамчии судяҳо, дар Прокуратураи генералӣ 72 нафар, Вазорати корҳои дохилӣ 1443 нафар, Вазорати мудофиа 519 нафар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 842 нафар фаъолияти пурсамар дошта, дар умум 3 327 нафар занону бонувони матиниродаи тоҷик сарбаландона ба халқу Ватан хизмат намуда истодаанд.

    Дар ҳамоиш озмуни тирандозии «Бонувони шуҷои Ватан», ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид, ҷамъбаст шуда, ба ғолибони он Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.


    ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/2023/02/bonuvoni-shu-oi-vatan-ta-ti-in-unvon-bo-ishtiroki-zanonu-duhtaroni-nizomii-sohtor-oi-udrat-va-ifzi-u-u-i-to-ikiston-amoish-barguzor-gardid/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2023 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ