Коргардони олмонӣ Вернер Херцог барои дастовардҳои касбиаш дар самти филмофарӣ барандаи ҷоизаи "Шери тиллоӣ" гардид. Маросими супурдани ҷоиза дар ифтитоҳи ҷашнвораи 82-уми синамои Венетсия баргузор шуд.
Ба Герцог мукофоти фахриро Фрэнсис Форд Коппола супурд. Инчунин дар рӯзи ифтитоҳ ҷашнвора филми нави ҳуҷҷатии Херцог муаррифӣ карда шуд.
Мавсуф афзуд, ки “Барои ман шарафи бузург аст, ки Ҷоизаи муваффақияти Фестивали Венетсияро гирам. Ман ҳамеша кӯшиш мекардам, ки як ҷанговари содиқи синамо бошам ва ин ҷоиза барои дастовардҳои ман аст.Ҳоло ман дар Ирландия лоиҳаи наверо ба навор гирифта истодаам”.
Дар тӯли ин солҳо Вернер Херцог беш аз 70 филм офаридааст.Вай инчунин китоб менависад, операҳо мегузорад, дар филмҳо нақш бозӣ мекунад ва таълим медиҳад.