Абдулло Муҳаммадиев
Котиби масъули Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”
Соли 1977-ум мактаб-интернати рақами 2-и шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм намуда, бо супоридани 2 имтиҳон донишҷӯи Университети давлатии Тоҷикистон (Айни ҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) гардид.
Соли 1982 бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷик, гурӯҳи журналистикаро тамом намуда, аз моҳи декабри соли 1982-ум то кунун дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Абдулло Муҳаммадиев корро 27-ми декабри соли 1982 дар идораи “Ҷавонӣ”-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои муҳаррири варзида, мудири шуъбаи саноат, муовини сармуҳаррири пропаганда, муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои мактубҳо, муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои иқтисодӣ, муҳаррири варзидаи идораи “Телефилм”, мухаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсии Радиои Тоҷикистон, мудири шуъбаи тиҷорат ва рекламаи Муассисаи давлатии телевизиони “Баҳористон” ва зиёда аз 6 сол сардори шуъбаи тиҷорат ва рекламаи телевизиони “Синамо” буд.
Айни ҳол Абдулло Муҳаммадиев дар вазифаи котиби масъули МДТВ “Синамо” вазифаи котиби масъулро бар дӯш дорад.
Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон.
Бо Ифтихорномаҳои Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ,Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигар
мушарраф гаштааст.
Зиёда аз 10 медалҳои соҳавӣ дорад.
Дар давоми 40 соли фаъолияти эҷодӣ дар Ҷумҳуриҳои Ҷопон, Португалия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон, шаҳри Мускати Арабистони Саудӣ,ҷумҳуриҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар сафарҳои корӣ, такмили ихтисос ва сайёҳӣ будааст.
Узви ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ мебошад.