Идомаи филми таъхаюлии суперқаҳрамонии "Абармард" 9 июли соли 2027, расо ду сол пас аз таҳияи филми аввал ба намоиш гузошта мешавад. Ба гуфтаи коргардон ва продюсер Ҷеймс Ганн, қисми нави “Абармард” “Одами фардо” номида мешавад.
Ҳунарпешаи амрикоӣ Дэвид Коренсвет ба нақши Кларк Кент бармегардад, Рейчел Броснаҳан дубора Луис Лейнро мебозанд. Ҳайати боқимондаи ҳунармандони филм дертар мушаххас мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қисми аввали филми "Абармард" 11 июли соли 2025 ба руйи экрани синамо омад ва беш аз 600 миллион доллар бо харҷи 250 миллион доллар ҷамъоварӣ кардааст.