Коргардони синамо Стивен Спилберг аз филми "Ҷанг барои ҷанг"-и Пол Томас Андерсон изҳори таассуф кард. Пас аз нахустнамоиши филм дар Лос-Анҷелес аввалин вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд. Тамошобинон ин филмро "шоҳасар", "филми беназир", "хандаовартарин филми Андерсон", "як даҳшати воқеияти Амрико" ҳаҷв ва ғайра унвон карданд.
"Ҷанг барои ҷанг" аз рӯи романи "Вайнланд" – и Томас Пинчон таҳия шудааст. Сужет дар бораи собиқ инқилобӣ Боб Фергюсон, ки кӯшиш мекунад духтарашро аз таъқибкунандагонаш наҷот диҳад, нақл мекунад. Дар филм инчунин Шон Пенн, Бенисио Дел Торо, Регина Холл, Тейана Тейлор, Чейс Инфинити ва дигарон нақш бозидаанд. Намоиши филми "Ҷанг барои ҷанг" дар ИМА 26 сентябр баргузор мешавад.