Студияи Amazon идомаи силсилафилми “Хонум ва ҷаноби Смит” – ро ба муддати номуайян мавқуф гузошт. Дар ин бора маҷаллаи Deadline хабар медиҳад. Сабаби ин тасмим мушкилоти кастинг будааст. Зимистони соли гузашта Марк Эйделштейн ва Софи Тэтчер барои нақшҳои асосии ин филм тасдиқ шуда буданд.
Гаэл гарсия Бернал, Лили-РоузДепп, Вагнер Моура ва дигарон метавонистанд миёни ҳунармандон баромад намоянд. Ҳеҷ кадоме аз онҳо расман ба ҳайати актёрон даъват нашудаанд.
“Ҷаноб ва Хонум Смит” бознигарии филми ҳамон ном бо Брэд Питт ва Анҷелина Ҷолӣ дар соли 2005 мебошад. Сюжет дар бораи ҷосусоне қисса мекунад, ки худро ҳамсар вонамуд мекунанд.
Нахустнамоиши мавсими аввал дар моҳи феврали соли 2024 бо шукӯҳи интиқодӣ сурат гирифта буд.