Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

    2025-09-26
    18

    Сеюмин иншооти саноатӣ — корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон» дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Корхона дар заминаи имтиёзу сабукиҳои давлат ба соҳибкорон бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Хатҳои технологӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда, маҳсулоти он бо шаклу андозаҳои гуногун ва мутобиқ ба стандартҳои аврупоӣ истеҳсол мешавад. Дар марҳилаи аввал дар ин ҷо 65 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, тасмим аст, ки ин шумора пас аз фаъолияти шабонарӯзии корхона ба 150 кас расонида шавад. Иқтидори лоиҳавии корхона дар як моҳ истеҳсоли 6 миллиону 240 ҳазор ва дар як сол 75 миллион донаро ташкил медиҳад.

    Ашёи хом аз хориҷи кишвар ворид шуда, дар анборҳо бо риояи талаботи санитарӣ нигаҳдорӣ мешавад. Соҳибкорон ният доранд, ки ояндаи наздик истеҳсоли қисми зиёди ашёи хоми ин корхонаро дар дохили кишвар ба роҳ монанд.

    Бехатарӣ ва сифати маҳсулот пеш аз коркард дар озмоишгоҳ бо истифода аз таҷҳизоти муосир санҷида мешавад.

    Маҳсулоти ниҳоӣ ба бозору мағозаҳо тавассути нақлиёти махсуси ширкат дастрас мегардад.

    Се иншооти саноатӣ: ҶДММ «Талант», ҶДММ «Зиннат Гач» ва корхонаи «Роял Бебӣ Тоҷикистон», ки дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфтанд ба афзоиши иқтидори истеҳсоли ватанӣ мусоидат менамоянд. Дар се корхона ҳоло 165 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд ва имкони афзун шудани ин шумора вуҷуд дорад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ