Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бо лоиҳаи банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бо лоиҳаи банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд

    2025-09-30
    24

    30 сентябр дар ноҳияи Файзобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоати шаҳраки Вашгирд шинос шуданд.

    Дар асоси нақшаи генералӣ, шаҳраки нав дар масоҳати 163 гектар тарҳрезӣ шуда, барои аҳолии зиёда аз 90 ҳазор кас пешбинӣ гардидааст.

    Лоиҳа фарогири бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, 5 муассисаи таълимии ҳар кадом бо 1200 ҷойи нишаст, 3 кӯдакистон барои 600 кӯдак, ҳамчунин биноҳои маъмурии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Прокуратура, Суд, шуъбаҳои Кумитаи амнияти миллӣ, ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохторҳо  мебошад.

    Тибқи хулосаи мутахассисон, татбиқи лоиҳа дар ду марҳила сурат мегирад.

    Дар қисми ҷанубӣ иншооти маъмурӣ ва хонаҳои аз 6 то 10 ошёна, дар қисмати дигари шаҳрак биноҳои аз 9 то 14 ошёна бунёд хоҳанд шуд.

    Ҳамзамон, таҷдиди маркази маъмурии Ҷамоати шаҳраки Вашгирд низ дар назар дошта шудааст.

    Зимни таҳияи нақша ба санъати меъмории миллӣ ва истифодаи масолеҳи баландсифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир шудааст.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо тарҳҳо риояи меъёрҳои муосири шаҳрсозӣ ва истифодаи масолеҳи босифатро таъкид намуда, масъулонро барои назорати пурраи ҷараёни сохтмон муваззаф карданд.

    Ҳамзамон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар ду баст ва кӯдакистон барои 240 кӯдак дар деҳаи Шерамони ҷамоати деҳоти Меҳробод санги асос гузоштанд.

    Муассисаи таълимӣ ва кӯдакистон аз ҷониби Бобоҷон Каримзода, ки худ собиқадори милитсияи тоҷик аст ва писари соҳибкораш Манучеҳр Каримзода бо тарҳи замонавӣ бунёд мегардад.

    Тавре иттилоъ доданд, сохтмони як муассисаи таҳсилоти томактабии дигар барои 400 кӯдак аз ҷониби онҳо дар шаҳри Душанбе низ ҳоло идома дорад.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падари ҳимматбаланд ва фарзанди ташаббускораш барои иҷрои чунин амалҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуда, барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дастуру тавсияҳо доданд.

    Бо татбиқи ин лоиҳаҳои муҳим симои ноҳияи Файзобод боз ҳам зеботар гашта, шароити зиндагӣ ва таҳсилу тарбияи кӯдакон беҳтар мегардад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ