Дар моҳи оянда Студияи “20th Century Fox” филми нави “Дарранда”-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад. Коргардони лоиҳа Дэн Трактенберг на танҳо ваъда медиҳад, ки силсилаи барҷастаро дубора эҳё мекунад, балки интизор меравад, ки дар охири ҳафтаи ифтитоҳи ои рекорди фурӯши ҷаҳониро низ гузорад.
Мувофиқи маълумоти “Box Office Pro” филм бо нақшофарии Элли Фаннинг метавонад дар рӯзҳои истироҳат дар Амрикои Шимолӣ аз 35 то 45 миллион доллар фоида ба даст орад. Ин беҳтарин натиҷа барои тамоми силсилаи асосӣ хоҳад буд, ки аз натиҷаи филмҳои қаблӣ зиёдтар аст.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи нав ҳамчун як филми мустақил ба фурӯш бароварда мешавад ва ба он имкон медиҳад ҳам мухлисони содиқи силсила ва ҳам тамошобинони навро ҷалб кунад. Интизориро кори бомуваффақияти коргардон Дэн Трактенберг дар қисмати қаблии силсила, ки аз ҷониби мунаққидон ва тамошобинон баҳои баланд гирифт, афзоиш медиҳад.
Таҳлилгарон аллакай умедворанд, ки филми нав метавонад муваффақ гардад.
Агар пешгӯиҳо иҷро шаванд, филми нав дар бораи шикорчиёни бегона на танҳо пас аз аниматсионии "Дарранда: Қотил" силсиларо ба экрани калон бармегардонад, балки ҷолибияти идомаи тиҷоратии онро исбот мекунад ва роҳро барои лоиҳаҳои нав дар ин олам мекушояд.