Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд

    2025-10-09
    9

    9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Осиёи Марказӣ-Русия ва Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

    Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Туркманистон аҳамияти хоса медиҳад.

    Ҷонибҳо омодагии худро ба рушди ҳамкории барои ҷонибҳо судманд дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ, аз ҷумла самтҳои нави “сабз” баён карданд.

    Ҳамзамон, таъсиси корхонаҳои муштарак ва зиёд кардани содироти маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ зарур шумурда шуд.

    Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ зоҳир гардид.

    Густариши равобити фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла баргузории Рӯзҳои фарҳанг ва дигар чорабиниҳои муштарак муҳим арзёбӣ гардид.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ