Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд

    2025-10-10
    11

    10 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки “муколамаи мунтазами мо ба рушди ҳамкории кишварҳоямон такони тоза мебахшад”.

    Фаъолтар шудани робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ таъкид карда шуд.

    Ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, тавсеаи сармоягузорӣ ва афзоиши ҳаҷми гардиши мол таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

    Ҳамкории сохторҳои марбута барои роҳандозии фаъолияти муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии ду кишвар ва истеҳсоли молҳои содиротӣ, аз ҷумла дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, зарур шумурда шуд.

    Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори саноат, бунёди паркҳои технологӣ ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои иқтисодӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

    Дар соҳаи нақлиёт парвозҳои мунтазам миёни пойтахтҳои ду кишвар ва истифодаи имконоти транзитӣ барои интиқоли бор муҳим арзёбӣ гардид.

    Дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ дар бораи баргузорсозии рӯзҳои фарҳанг ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таълимӣ барои ҷавонони Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.

    Ҳамчунин, аз сатҳи ҳамкорӣ дар чаҳорчуби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ изҳори қаноат карда шуд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ