Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 13-уми Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идораи оби шаҳрӣ иштирок намуд

    Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 13-уми Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идораи оби шаҳрӣ иштирок намуд

    2023-02-28
    362

                                                         

         Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Теҳрон 22-24 феврал дар иҷлосияи 13-уми Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идораи оби шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

    Зимни суханронии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва истифодаи он дар шаҳрҳо таъкид гардид.

    Дар ин замина ҳозирини иҷлосия барои иштирок дар Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд доир мешавад, даъват шуданд.


         ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/https://khovar.tj/2023/02/ajati-to-ikiston-dar-i-losiyai-13-umi-sh-roi-sarparastoni-markazi-minta-avii-idorai-obi-sha-r-ishtirok-namud/

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ