Пагоҳ, 1 март дар Тоҷикистон марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гуфта шуд, ки дар 44 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки имсол хонандагоне, ки соли таваллудашон 2005 мебошад, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро хатм менамоянд.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, инчунин шакли электронияшро дар сомонаи Марказ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Ҳамчунин Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад, барномаи «Интихоби ихтисос» таҳия кард. Барномаи мазкур, ки яке аз навгониҳо дар соли рвон мебошад, дар ду гуна: (1) мобилӣ – барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва (2) компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо омода гардидааст. Барномаро барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) аз мағозаи интернетии Google Play ва барои истифода дар компютерҳо аз сомонаи Марказ боргирӣ кардан мумкин аст.
Доир ба истифодаи барнома аз сомонаи Марказ маълумоти муфассал пайдо намудан мумкин аст.
Агар довталаб чунин имкон надошта бошад, ба нуқтаи бақайдгирӣ шакли дастнависи онро метавонад пешниҳод кунад.
Маркази миллии тестӣ ба довталаб тависия медиҳад, ки пеш аз ҳама, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба назар гирад. Сипас бо ихтисосҳои мавҷудае, ки майли интихоби онҳоро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онҳоро фаҳмида, лаёқату донишу тавону имкони худро ба эътибор гирифта, онҳоро ихтиёр кунад. Танҳо дар ҳамин сурат интихоби касбу ихтисос дурусту дақиқ ва бошуурона буда метавонад.
ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/.https://khovar.tj/2023/02/pago-dar-to-ikiston-mar-ilai-asosii-ba-ajdgirii-dovtalabon-o-oz-megardad/