Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    «Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе

    «Бахтиёр Худойназаров намояндаи барҷастаи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст», — бардошт аз форум дар Душанбе

    2025-10-16
    9

    Бахтиёр Худойназаров яке аз чеҳраҳои шинохта ва барҷастаи синамои тоҷик маҳсуб шуда, дар рушди синамои миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ нақши арзанда гузоштааст. Чунин иброз доштанд коршиносони соҳаи синамо имрӯз зимни форуми байналмилалӣ, ки таҳти унвони «Синамои Шарқ ва нигоҳи нав» бахшида ба фаъолияти эҷодии коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» баргузор гардид.

    Дар форум чеҳраҳои маъруфи санъату синамои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ, оҳангсозон, коргардонҳо ва наворбардорони соҳаи синамо иштирок намуданд.

    Дар оғоз китоби «Навори хотира: Зиндагиномаи Бахтиёр» доир ба зиндагию фаъолияти коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр гардидааст, расман рӯнамоӣ гардид.

    Иброз шуд, ки коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров шахсияти эҷодие буд, ки синамои тоҷикро пас аз даврони шуравӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуд. Ӯ тавонист зиндагии одии мардумро бо забони фаҳмои ҷаҳонӣ тавассути филмҳои офаридааш нишон диҳад.

    Аввалин филми ӯ бо номи «Бародар» (соли 1991) дар бораи саргузашти ду бародар ба навор гирифта шудааст, ки соҳиби чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ гардид.

    «Кош ба гӯшамон расад…», «Қош ба қош», «Падари маҳтобӣ», «Дар интизори баҳр» ва «Гетераҳои майор Соколов» аз ҷумлаи муваффақтарин филмҳои Бахтиёр Худойназаров мебошанд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ ҷоизаҳои мухталиф ба даст овардаанд.

    Аз дигар асарҳои маъруфи ӯ метавон «Шикори бабр», «Танҳо миёнаи нилуфарҳо» ва «Қиссаи як борон»-ро ном бурд, ки дар онҳо масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ дар заминаи воқеияти муосир мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

    Бахтиёр Худойназаров бо сабки хоси худ, истифодаи усулҳои нави тасвир ва фикрҳои амиқ тавонист дар синамои ҷаҳон мақоми устувор пайдо кунад ва дар рушди синамои тоҷик саҳми назаррас гузорад.

    Бахтиёр Худойназаров соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, таҳсилоти олиро дар Институти умумииттифоқии давлатии кинематография (ВГИК)-и шаҳри Москва гирифтааст. Пас аз хатми таҳсил фаъолияти эҷодии худро ҳамчун коргардон ва сенариянавис оғоз намуд. Коргардони маъруфи тоҷик 21 апрели соли 2015 дар 49-солагӣ аз олам даргузашт.

    Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 20 октябр дар Душанбе Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад. Ҳадафи синамоҷашнвора дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, омӯзиш, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи фарҳангу тамаддуни тоҷикон, шаҳри гулҳо — Душанбе ба ҳисоб меравад.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ