22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Миралиобод бинои Маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави варзишӣ тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шоҳхисрав Қаҳҳоров бо маблағи умумии 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.
Бинои наву замонавӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои толорҳои гуногуни варзишӣ мебошад.
Бунёди маҷмааи варзишӣ соли 2020 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ 16 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар маҷмаа завқмандон имкон доранд ба машқу тамрин ва обу тоби бадан бо навтарин таҷҳизот машғул шаванд.
Бояд таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди варзиш, ки муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад, аҳамияти махсус медиҳанд. Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Роҳбари давлат мебошад, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, парчами давлатиро баланд мебардоранд.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи муосири варзишӣ 16 мутахассиси соҳаи варзиш бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидааст.
Маҷмааи нави варзишӣ бо зарфияти муосир таъмин буда, дар як вақт барои қабули зиёда аз 80 варзишгар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин дар як қисми бинои навбунёд марказҳои хизматрасонӣ, маркази забономӯзӣ ва дигар иншооти ёрирасон пешбинӣ гардидааст.
Гирду атрофи бино бо гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз оро ёфта, роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш ва назди иншоот чароғон гардидааст.
Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити иншооти нави соҳаи варзиш, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватандӯст Шоҳхисрав Қаҳҳоров барои бунёди чунин иншооти наву замонавӣ изҳори сипос намуданд. Дар баробари ин, масъулинро муваззаф карданд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок ва оқилона истифода баранд.
Маврид ба зикр аст, ки Лолахон Қаҳҳоров яке аз шахсони ватандӯст ва ободкори кишвар ба шумор рафта, саҳми ӯ дар рушди соҳаи варзиши кишвар, тарбияи насли наврас ва пешрафти ноҳияи Восеъ хеле назаррас мебошад.
Номбурда 15-уми августи соли 1956 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, барандаи чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дорандаи 5 медали тилло мебошад.