Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба тамошои Осорхонаи миллии адабиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба номи Низомии Ганҷавӣ рафта, бо осори адибони Озарбойҷон аз наздик шинос шуданд.
Меҳмононро муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷон ба номи Низомии Ганҷавӣ, академик Рафаэл Ҳусейнов истиқбол намуд. Академик Рафаэл Ҳусейнов зимни мулоқот роҷеъ ба равобити таърихӣ ва фарҳангии ду кишвар изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки дӯстии мардумони Тоҷикистон ва Озарбойҷон решаҳои амиқи таърихӣ доранд.
Ҳамзамон дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили муҳимми соҳаи осорхонашиносӣ, аз ҷумла таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, ташкили намоишҳои муваққатӣ, тармиму таҳкими осори таърихӣ, ташкили давраҳои бозомӯзии кормандони осорхонаҳои ҳарду кишвар ва густариши робитаҳои касбиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин барои намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ дар толорҳои Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷон сайри осорхонавӣ ташкил гардид. Дар ҷараёни сайри осорхонавӣ ҳайати Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо намунаҳои гуногуни мероси таърихию фарҳангии ин кишвар, аз қабили нусхаҳои дастнавис, китобҳои чопи сангӣ, мусаввараҳо, пайкараҳо, қолинҳо, минётураҳо ва дигар осори илмиву адабии адибону олимони маъруфи Озарбойҷон шинос шуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон



 9
 9