Муҳтарам Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Дар оғоз ба Давлати Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид барои баргузории чорабинии муҳими имрӯза ва пазироии самимӣ арзи сипос менамоям.
Мусаллам аст, ки рифоҳи иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.
Вобаста ба ин, мехоҳам қайд намоям, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.
Ин санад, ҳамчун яке аз омилҳои калидии ҳифзу таъмини суботи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар равона гардидааст.
Ҳамзамон бо ин, қобили зикр аст, ки то охири соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 қабул мегардад.
Санади мазкур марҳилаи ниҳоии Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 фаро гирифта, аҳдофи он бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд.
Дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои зикргардида, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ тавассути рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари мо ҳамкории Ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим мебозад.
Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охирдар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз чор (4,1) миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст..
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт барномаи давлатӣ ва се стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодаанд, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Мусаллам аст, ки рушди иҷтимоӣ бо пешрафти соҳаи тандурустӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш,
Таъмини рушди иҷтимоӣ ба фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисод ва устувории муҳити зист пайвастагии зич дорад.
Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз пайомадҳои тағйирёбии даври гидрологӣ, обхезиву хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ осебпазир мебошад.
Дар ин робита мо, ба мақсади таъмини некуаҳволии мардуми худ, дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамоем.
Дар баробари ин, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини устувории иҷтимоӣ бо мушкилоти зиёд дучор шудаанд.
Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус дар соҳаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем.
Ҳозирини гиромӣ,
Гузариш ба иқтисоди “сабз” барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад.
Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ, ба масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди соҳаи энергияи “сабз” аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Имрӯз зиёда аз наваду ҳашт (98) фоизи нерӯи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи нишондиҳандаи истеҳсоли энергияи “сабз” кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Илова бар ин, мехоҳам қайд намоям, ки мо дар марҳилаи гузариши босуръат ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф қарор дорем.
Истифодаи дуруст ва ҳадафмандонаи онҳо метавонад ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидати ҳамаҷониба намояд. Тавре ки маълум аст, чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид.
Бовар дорам, ки қатъномаи мазкур ҳамчун василаи муассир барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо бо мақсадҳои дастрасӣ ба ҳадафҳои рушди устувор хидмат хоҳад кард.
Ҳозирини арҷманд,
Рушди фарогири иҷтимоӣ амалҳои муштаракро дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ тақозо менамояд.
Моро зарур аст, ки бо муттаҳид намудани талошҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон шароити одилонаи рушди иҷтимоиро фароҳам созем. Дар кори Саммити имрӯза, мо бояд якдилона иродаи муштараки худро барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуда, ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои калидии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!



 5