Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Руи кор омадани хлопушка  ҳануз ба солҳои 20 уми қарни гузашта рост меояд.

    Руи кор омадани хлопушка  ҳануз ба солҳои 20 уми қарни гузашта рост меояд.

    2025-11-05
    5

    Руи кор омадани хлопушка  ҳануз ба солҳои 20 уми қарни гузашта рост меояд. Френсис Уилям Тринг коргардони австралиягӣ замоне ки дар ҷараёни бандубасти филмҳо ба мушкилот дучор мегардад, барои осони кор тасмим мегирад тахтачаеро истифода намояд ки руи он саҳна ва шумораи дублҳои наворгирифта навишта шуда бошад. Дар оғоз он аз  ду порчаи алоҳидаи тахтача иборат  буд,  аммо баъдан  кормандони  ширкати филмофарии Universal  онро такмил дода ба ҳам пайвастанд ва дастгоҳе ихтироъ гардид ки имруз мо онро бо номи Хлопушка мешиносем.

    Ин дастгоҳ барои ҳамоҳангсозии садову навор ва номгузории саҳнаву дублҳои майдони наворбардорӣ истифода бурда мешавад. Садои ки ҳангоми ба ҳам хурдани ду қисмати хлопушка ба амал меояд ба коргардон ва танзимгар имкон медиҳад то нуқтаи лозимаи ҳамоҳангсозии садову наворро ҳангоми бандубаст ба осонӣ пайдо кунад. Дар ин баробар тартиби дурусти  ҷобаҷогузории наворҳо низ ба истифодаи ин таҷҳизот алоқаманд аст .

    Ҳангоми наворбардорӣ баъзан садо дар дастгоҳи дигар ва навор бошад комилан дар таҷҳизоти алоҳида сабт карда мешавад ки дар сурати истифода нагардидани хлопушка таҳиягарон дар бандубасти мавод ба мушкилот дучор мешаванд зеро пайдо кардани нуқтаи навор ки бояд бо садо ҳамоҳанг шаванд мушкил мегардад.

    Ба ҷуз ин хлопушка ҳамчунин барои ҷобаҷогузории дурусти саҳнаҳои сабтгардида ба таҳиягарон кӯмак мерасонад. Зеро руи он номи коргардон , наворбардор, таърихи руз,  номи  саҳна ҳамоҳангии навору садо, шумораи дублҳо, вақту соат ва шумораи саҳнаи навор ҳамеша навишта мешавад ва дар оғози ҳар навори сабтгардида ин ракамҳо болои хлопушка дар экран намудор мегарданд ки тартиби дурусти бандубасти саҳнаҳои филмро таъмин месозад.

    Дар он ҳатто тавозуни рушноии истифодашударо низ низ навишта мешавад, ки дар сурати ба вуҷуд омадани камбудиҳо аз руи маълутҳои руи хлопушка метавонанд дубора саҳнаҳоро сабт намоянд, зеро муҳимтарин маълумоти эҷодиву техникӣ аллакай дар руи он дарҷ гардидааст.

     Хлопушка дар  баробари оне ки ба кори таҳиягарон дар майдони наворбардорӣ оғоз мебахшанд роҳнамои асосӣ дар бандубаст барои танзимгарон дониста мешаванд. 

    Дар майдони сабт садои хлопушка замоне баланд мешавад ки тамоми ҳайати таҳиягарон барои сабт дар ҷову макони лозима омода ҳастанд. Ва баъд аз баланд гардидани ин садо аллакай ҳаракат пурра сабт карда мешавад. ҳангоми сабт он бояд пурра дар навор намудор бошад то ин ки танзимгар ва умуман нафароне ки руи офарида кор мекунанд маълумоти лозимаи худро аз навиштаҷоти хлопушка гирифта тавонанд.  Бо пешрафти технологияи муосир таи солҳои охир намунаи электронии хлопушка мавриди истифода қарор дода шудааст ки давомнокии навору саҳнаҳоро низ ҳисоб мекунад.

    Ҳамин гуна як таҷҳизоти сода имруз дастгоҳест ки онро синамогарони саросари олам мавриди истифода қарор дода садои он ба руи кор омодани беҳтарин офаридаҳои синамои замина мегузорад.  

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ