Ин лоиҳаи сербинанда бо ширкати Том Хиддлстон рӯзи 1-уми январ ба экранҳои кино бармегардад.
Идомаи хабарҳо аз синамои хориҷи кишвар дар таҳияи ҳамкоронамон манзуратон мегардад.
Санаи нахустнамоиши мавсими дуюми силсилафилми “Маъмури шабона”, ки дар он ҳунарпеша Том Хиддлстон нақши асосиро иҷро мекунад, муайян гардид. Филми мазкур санаи 1 январ пешниҳоди бинандагон мегардад. Ҳаводорони силсила аз дигар кишварҳо метавонанд қисмҳои нави силсилафилмро тариқи хидматрасони *Prime Video* аз 11-уми январ тамошо кунанд. Дар мавсими дуюм, собиқ сарбоз ва афсари иктишофӣ Ҷонатан Пайн бо як маъмурият ба Колумбия сафар мекунад.
Дар ин мавсим ҳамчунин ҳунармандон Оливия Колман, Диего Кальва, Индира Варма, Камила Морроне ва дигарон нақш офаридаанд. «Маъмури шабона» бори аввал соли 2016 рӯи экран омада, бар асоси романи ҳамноми Ҷон Ле Карре таҳия шудааст. Лоиҳаи мазкур аз рӯи чандин номинатсия ҷоизаи «Эмми» ва «Глобуси тиллоӣ»-ро соҳиб гардидааст.



14