Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот дар бораи оғози наворбардории қисми сеюми лоиҳаи силсилавии «Тифли зулмот» нашр шуд. Филми навбатӣ «Ятиммон» номгузорӣ шудааст.
Лоиҳа ҳамчун пайванди миёни қисматҳои якум ва дуюми «Тифли зулмот» таҳия хоҳад шуд. Изабел Фурман боз ба нақши асосии Эстер бармегардад. Масъулияти коргардонӣ боз ба дӯши Уилям Брент Белл гузошта мешавад, ки қисмати дуюмро бо номи «Қурбонии аввал» карда буд.
Таҳиягарон бори аввал дар бораи филми нав дар соли 2023 хабар дода буданд. Филми аслии ин лоиҳа соли 2009 бори нахуст пешниҳод гаридида буд, қисмати дуюм соли 2022 руи навор омад. Дар маҷмӯъ, ҳарду қисм дар саросари ҷаҳон 122,7 миллион доллар даромад оварданд.
Санаи дақиқи намоиши қисми сеюм то ҳол маълум нест. Тақсимоти филмро ширкати “Lionsgate” ба уҳда мегирад.



16