Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд

    2025-11-11
    5

    11 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд.

    Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Ҷитсзюн, Иттиҳоди Аврупо Радослав Дарски, Подшоҳии Дания Йеспер Вар, Ҷумҳурии Юнон хонум Екатерини Ксагорари, Ҷумҳурии Эстония Яаап Ора, Гурҷистон Давид Котария, Подшоҳии Ҳошимии Урдун Ҳамза ал Умарӣ, Буркина Фасо Аристид Рапугдондба Людовик, Ҷумҳурии Аргентина Себастян Саюс ва Ҷумҳурии Доминикан Алехандро Ариас Сарсуэла эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд.

    Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

    Президенти кишвар таъкид доштанд, ки асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи давлати Тоҷикистонро усули    «дарҳои кушода» ташкил медиҳад.

    «Дар такя ба он мо робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди фарогирро бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем», — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо, Подшоҳии Дания, Ҷумҳурии Юнон, Ҷумҳурии Эстония, Гурҷистон, Подшоҳии Ҳошимии Урдун, Буркина Фасо, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Доминикан андешаронӣ намуданд.

    Ба сафирони навтаъин муроҷиат намуда, Сарвари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои онҳоро бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд.

    Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳо самараву натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард.

    Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав комёбӣ хоста, ба роҳбарони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ