Ҷоизаи Гилдияи ҳунармандони ИМА дар фаъолияти эҷодиву ҳунарии ҳар як ҳунарманди Ҳолливуд мақоми шоииста дорад, зеро ба даст овардани ин ҷоиза аллакай бозгуи он аст ки маҳорату касбияти нақшофарии ҳунарманд аллакай аз ҷониби тамошобинону мунаққидон хуш истиқбол гардидааст. Доир ба махсусиятҳои ба даст овардани ин ҷоиза ҳамкорамон Меҳрангези Абдуғаффор бароятон маълумоти бештар.
Маросимиҷоизасупории Гилдияи ҳунармандони ИМА ҳамоишест ки ҳар сол онро алоқамандони синамо бесаброна интизор мешавад. Зеро ин мукофот аллакай бозгуи он аст ки шояд барандагон дар руйхати иштирокдорони маъруфтарин ҷоизаи синамои Оскар қарор гиранд.
Аз лиҳози ба даст овардани ҷоиза миёни ҳунармандон Джулия Луи Дрейфуз аз миёни занон 9 маротиба ва аз миёни мардон бошад Алек Болдуин 8 маротиба ба гирифтани ин ҷоиза сарфароз гардидаанд. Дар маросими имсола ҷоизаи ҳунармандро аз миёни ҳунарпешаҳои Ҳолливуд Тимоти Шаламе ва Деми Мур ба даст оварданд.
Ҷоизаи Гилдияи ҳунармандони ИМА аз соли 1995 инҷониб супорида мешавад. Он ба таҳиягарони синамо барои дастовардҳои арзандаву назаррас дар самти синамо ва филмҳои телевизионӣ супорида мешавад. Ҳар сол ғолибон дар асоси овоздиҳии аъзоёни академияи синамо ва телевизиони ИМА ки зиёда аз 160 000 нафарро фаро мегирад муайян карда мешаванд.
Ин ҷоиза дар кинемотография аз мукофотҳоим бонуфузу арзишманд шуморида мешавад. Ҳар сол маросими мукофотсупории синамоҷоизаи Гилдияи ҳунармандони ИМА мустақиман тариқи телевизион ва сомонаҳои интернетӣ ба роҳ монда мешавад.
Ҷоиза пайкараи биринҷие мебошад ки ҳунарманд номгузорӣ шудааст, ки 40 см баландӣ ва 5кг вазн дорад. Онро барои фаъолият дар бахшҳои гуногуни синамо ва офаридаҳои телевизионӣ тақдим мекунанд. дар барномаи синамоҷоиза 3 котегория ва 16 номинатсия амсоли беҳтарин нақши занона ва ё мардона, беҳтарин дастаи ҳунарӣ, беҳтарин дастаи коскодёрӣ, беҳтарин нақши мардона ва ё занонаи дуюм дараҷа ва дигар номинатсияҳо амал мекунанд.



10