Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфтанд

    2025-11-14
    11

    Дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

    Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ассамблеяи байнипарлумонӣ майдони муҳимми муколамаи ҳамаҷониба ва созанда байни кишварҳои иштирокдори Иттиҳод мебошад ва дар доираи он имрӯзҳо корҳои зиёди маҷмуӣ анҷом дода мешавад.

    “Фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар баробари ташаккул ва мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои иштирокдор, чандин самтҳои дигари калидии ҳамкориро, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ фаро мегирад”, изҳор доштанд дар робита ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, иброз намуданд, ки дар ин самтҳо имкону захираҳо фаровон аст ва моро зарур аст, ки аз онҳо ба таври самаранок ба нафъи мардумонамон истифода намоем.

    Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои сатҳи баланд баргузоркардаи Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, аз ҷумла Ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, Вохӯрии дуюми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия”, ки дар моҳи октябри ҳамин сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуданд.

    Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ беш аз сад чорабинии гуногунсатҳ, бо шумули ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки имрӯзҳо  дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гузаронида шуданд.

    Аз раванди рушди ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар ҳама сатҳу зинаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Алоқамандӣ ва омодагии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкории мушарак дар доираи дигар сохторҳои равобити байнипарлумонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД ва дигар сохторҳо  таъкид гардид.

    Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони парлумонҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ  ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар мубориза бо чунин хавфу хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгарӣ, тундгароии динӣ, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар  зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ даъват намуданд.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ