Асосӣ
Хабарҳо
  • Ҳамаи хабарҳо
  • Президент
  • Ҷомеа
  • Синамои тоҷик
  • Олами синамо
Видео
Чеҳраҳо
Дар бораи мо
  • Маъмурият
  • Маълумоти умумӣ
  • Дастовардҳои ТВ Синамо
Тамос
    • Асосӣ
    • Хабарҳо
      • Хабарҳо
      • Ҳамаи хабарҳо
      • Президент
      • Ҷомеа
      • Синамои тоҷик
      • Олами синамо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
      • Дар бораи мо
      • Маъмурият
      • Маълумоти умумӣ
      • Дастовардҳои ТВ Синамо
    • Тамос
    © 2022 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    • ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    • +992 37 223-01-45

    ТОМ КРУЗ ҶОИЗАИ ИФТИХОРИИ «ОСКАР»-РО СОҲИБ ШУД

    ТОМ КРУЗ ҶОИЗАИ ИФТИХОРИИ «ОСКАР»-РО СОҲИБ ШУД

    2025-11-18
    5

    Дар шаҳри Лос-Анҷелес 16-умин маросими супоридани ҷоизаҳои фахрии «Оскар» баргузор гардид. Маросими мазкур, ки ҳар сол пеш аз ҷашнвораи бонуфузии синамоии «Оскар» гузаронида мешавад, аз ҷониби Киноакадемияи амрикоии илм ва санъат пешниҳод мешавад.

    Дар ҷашнвораи имсола ҳунарпешаи маъруф Том Круз яке аз ҷозаҳои ифтихории «Оскар»-ро соҳиб шуд.

    Номзадии ӯ борҳо ба ин ҷоиза пешниҳод гардида буд, аммо бори аввал ин ҷоизаро ба даст овард.

    Дар баробари Том Круз, сароянда Долли Партон, ҳунарпеша Дебби Аллен ва ҳунарманд ва тарроҳ Винн Томас низ барандагони «Оскар»-и фахрӣ шуданд.

    Номзадҳои расмии ҷашнвораи «Оскар»-и навбатӣ моҳи январ эълон мешаванд ва маросими 98-уми ҷоизасупорӣ рӯзи 15 марти соли 2026 баргузор мегардад.

    Дар баҳори имсол Том Круз дар қисми ҳаштуми филми «Миссияи амалинашаванда: Ҳисоббарории ниҳоӣ» нақш офарид. Дар соли оянда ӯ нақши асосиро дар филми нав ва то ҳол беноми Алехандро Гонсалес иҷро хоҳад кард.

    Саҳифаи асосӣ

    Категорияҳо:

    • Президент
    • Дастовардҳо
    • Ҷомеа
    • Синамои тоҷик
    • Олами синамо

    Саҳифаҳо:

    • Хабарҳо
    • Видео
    • Чеҳраҳо
    • Дар бораи мо
    • Тамос
    Facebook
    © 2024 Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо»
    ш. Душанбе, к. Беҳзод, 25
    Барои тамос: +992 37 223-01-45
    E-mail: info@sinamo.tv
    Ҷустуҷӯ