Филми ҳунарии «Ҷанг барои ҷанг»-и коргардон Пол Томас Андерсон расман ҳадди 200 миллион долларри амрикоиро дар фурӯши ҷаҳонӣ убур кард. Дар ин бора расонаҳои хабарӣ иттлоъ доданд.
Филм дар ИМА 70,1 миллион доллар, ва дар бозорҳои байналмилалӣ 130,1 миллион доллар даромад ба даст овардааст. Буҷаи лоиҳа 130 то 175 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Ҳамзамон ҳафтаи равон филми мазкур дар шабакаҳои интернетӣ низ нашр шуд.
Сужаи офаридаи мазкур қисман бар асоси романи Томас Пинчон навишта шудааст. Ҳодисаҳо атрофи як фаъоли радикалии собиқ Боб Фергюсон, ки нақши онро ҳунарпешаи махруфи ҷаҳонӣ Леонардо ДиКаприо иҷро мекунад қисса хоҳад кард. Қаҳрамон бояд духтарашро аз душмани қадимияш полковник Локҷо наҷот диҳад, ки нақши онро Шон Пенн иҷро мекунад.
Мунаққидон филмро хуб пазируфтанд ва он дар рейтингҳо 94% баҳои мусбатро соҳиб шудааст.



4